Март 19, 2018 19:32 Asia/Dushanbe
  • Нигаронӣ аз бомбгузорӣ мадориси Британияро ба таътилӣ кашонд

Теъдоде аз мадориси саросарии Британия ба иллати таҳдид ба бомбгузорӣ, тахлия шуданд.

Ба нақл аз рӯзномаи Дейли Мирур, полиси минтақаи Нурсумбриа, шимоли шарқи Британия эълом кард, мадориси ин минтақа, имейлҳоеро дар бораи таҳдид ба бомбгузорӣ дарёфт кардаанд.  

Дар ин имейлҳо гуфта шуда, бомб дар замини бозии мадраса ҷосозӣ шудааст.  

Ёфтаҳои аввалияи полис нишон медиҳад, ки маншаи имейл аз Амрико будааст.

Ҷузъиёти бештаре дар бораи иллату ангезаи ин таҳдид, мунташир нашудааст.  

 

Барчасп