Нигаронии донишҷӯёни мусулмон дар Британия аз исломҳаросӣ
(last modified Mon, 19 Mar 2018 15:15:14 GMT )
Март 19, 2018 20:15 Asia/Dushanbe
  • Нигаронии донишҷӯёни мусулмон дар Британия аз исломҳаросӣ

Натоиҷи як гузориши таҳқиқӣ дар Британия нишон медиҳад, бештари донишҷӯёни мусулмони ин кишвар дар нигаронӣ ва тарс аз ҳамалоти ношӣ аз ҷави исломҳаросӣ ба сар мебаранд.  

Ин натоиҷ аз таҳқиқоти Иттиҳодияи миллии донишҷӯёни Британия ба даст омада ва дар рӯзномаи Индепенденти Лондон мунташир шудааст.

Ниме аз донишҷӯёни мусулмони Британия мавриди азият ва ё фаҳҳошӣ дар фазои маҷозӣ қарор гирифтаанд ва донишҷӯёни зани мусулмон низ ба иллати доштани ҳиҷоб ба шиддат нигарони амнияти худ ҳастанд.

Як гурӯҳи ношинос, ахиран номаҳоеро дар Британия тавзеъ кардааст, ки бар асоси он, севуми апрел рӯзи муҷозоти мусулмонон хонда шудааст ва афродро ба иқдомоти хашин алайҳи пайравони ин дин даъват мекунад.

Панҷ намояндаи мусулмони Парлумони Британия ин номаҳоро дарёфт кардаанд.

 

Барчасп