Март 19, 2018 20:45 Asia/Dushanbe
  • Кашфи маводи радиоактив дар Анкара

Полиси Туркия аз кашфи як маҳмулаи радиоактив дар шаҳри Анкара, пойтахти ин кишвар хабар дод.  

Полиси Туркия арзиши ин маҳмулаи радиоактиви калифорниумро ҳафтод миллион доллар тахмин зад.  

Калифорниум моддае ғайритабиӣ аст, ки аз он барои сохти нерӯгоҳҳо ва ҳамчунин кулоҳакҳои ҳастаӣ истифода ва гуфта мешавад, арзиши ҳар грам аз ин модда чаҳор миллион доллар аст.  

Токунун иттилооти бештаре дар бораи ин хабар мунташир нашудааст.