Таъкид бар аҳамияти ҷашни Наврӯз дар Ҳинд
Март 21, 2018 22:30 Asia/Dushanbe
Раиси Маркази таҳқиқоти забони форсӣ дар Деҳлии Нав бар аҳамияти ҷашни Наврӯз дар Ҳинд таъкид кард.
Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Эҳсонуллоҳ Шукруллоҳӣ афзуд, кишварҳои Ҳинд ва Покистон ба далели таъсирпазирӣ аз фарҳанги эронӣ, Наврӯз ва соли навро низ ҷашн мегиранд.
Раиси Маркази таҳқиқоти забони форсӣ дар Деҳлии Нав изҳор дошт, шиаёни ҳиндӣ ва покистонӣ низ Наврӯзро пос медоранд ва муътақиданд, дар лаҳзаи таҳвили сол дуоҳо мустаҷоб мешаванд.
Иди Наврӯз дар 12 кишвари ҷаҳон ба расмият шинохта мешавад, аммо дар 9 кишвари Эрон, Тоҷикистон, Афғонистон, ҷумҳурии Озарбойҷон, Ӯзбакистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Албания бо ҳамин номи «Наврӯз» дар тақвими расмӣ таътил аст.
Барчасп