Паёми табрикии ду чеҳраи хабарсози ҷаҳон ба Путин
Раиси ҷумҳурии Амрико ва раҳбари Кореяи Шимолӣ, ду чеҳраи хабарсози ҷаҳон интихоби дубораи Владимир Путинро ба раёсати ҷумҳурии Русия табрик гуфтанд.
Ба гузориши хабаргузории РИА-Новости, Доналд Трамп дар тамоси телефонӣ бо раиси ҷумҳурии Русия, ҳамчунин аз эҳтимоли нишастҳои сатҳи боло миёни ду тараф сухан гуфт.
Путин ва Трамп дар ин тамоси телефонӣ дар бораи Сурия ва Украина ва масоили марбут ба мусобиқаи таслиҳотӣ ва терроризм низ гуфтугӯ карданд.
Табрики телефонии Трамп ба Путин дар ҳолест, ки мақомоти Кохи Сафед пештар гуфта буданд, пирӯзии Путин иттифоқи шигифтангезе нест ва раиси ҷумҳурии Амрико қасд надорад ба вай табрик бигӯяд.
Раҳбари Кореяи Шимолӣ низ бо ирсоли паёме ба раиси ҷумҳурии Русия, пирӯзии дубораи вайро дар интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишвар табрик гуфт.
Хабаргузории ИРНА гузориш дод, дар паёми табрикии Ким Ҷунг Ун таъкид шудааст, бо ин интихоб равобит ва ҳамкориҳои ду кишвар беш аз пеш густариш хоҳад ёфт.
Раҳбари Кореяи Шимолӣ дар ин паём ҳамчунин таъкид кард, пирӯзии дубораи раиси ҷумҳурии Русия дар интихоботи ахир баёнгари эътимоди Русия ба вай аст.