Март 22, 2018 16:49 Asia/Dushanbe
  • Паёми табрикии Путин ба муносибати фаро расидани Наврӯз

Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия дар паёме Наврӯзро ба мардуми Русия табрик гуфт.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, дар паёми наврӯзии Путин омадааст, ин ҷашни олӣ, ки аз қарнҳо пеш ба ҷой мондааст, бахши муҳим ва ҷудонопазир ва мероси таърихӣ - фарҳангӣ ва маънавии бисёре аз ақвоми сокини Русия маҳсуб мешавад.

Дар идомаи ин паём омадааст, мояи хушҳолӣ аст, ки суннати деринаи Наврӯз бо диққат аз насле ба насли дигар мунтақил мешавад.

Дар сарзамини паҳновари Русия ҳудуди 160 қавм ба сар мебаранд, ки 39 қавми мусалмон ҳастанд ва бештари онҳо Наврӯзро ҷашн мегиранд.