Март 22, 2018 20:51 Asia/Dushanbe
  • Тахриби хати интиқоли барқи Тоҷикистон ба Афғонистон ба дасти Толибон

Гурӯҳи Толибон хати интиқоли барқи Тоҷикистон ба Афғонистон, дар вилояти Қундӯзро тахриб кардааст.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, гурӯҳи Толибон бо интишори баёнияе дар матбуот ва канали Телеграми худ гуфтааст, бо тахриби хати интиқоли барқ дар минтақаи Хоҷа Ғалтони вилояти Қундӯз, барқи бахшҳое аз шаҳри Кобулро қатъ кардааст.

Мақомоти идораи барқи Афғонистон низ бо таъйиди ин хабар гуфтаанд, дар пайи ин ҳодиса барқи қисматҳое аз шаҳри Кобул ва манотиқе дар шимоли ин кишвар қатъ шудааст.

Сухангӯи гурӯҳи Толибон далели ин иқдомро кӯтоҳии давлати Афғонистон дар таъмини барқрасонии бархе аз навоҳии вилоятҳои Қундӯз ва Бағлон, дар шимоли ин кишвар, ки таҳти контроли ин ҷунбиш қарор дорад, ном бурдааст.

Забеҳуллоҳи Муҷоҳид муддаӣ шудааст, чаро бояд шаҳри Кобул аз барқи доимӣ бархурдор бошад ва манотиқи дигар, аз ҷумла вилоятҳои шимоли Афғонистон аз набуди барқ ранҷ бикашанд?

Аз ин рӯ, пас аз таҳдиди қатъи барқи интиқолӣ аз Тоҷикистон ба Афғонистон, дар сурати таъмин нашудани манотиқи таҳти контроли Толибон бо барқ, ин гурӯҳ иқдом ба тахриби хати ёдшуда кард.

Забеҳуллоҳ Шамс, яке аз масъулони идораи барқи Афғонистон гуфтааст, Толибон бо ин иқдом ба манофеи худ хисорат мезанад, зеро қаблан бо ҷамъоварии пули барқи масрафӣ аз мардум дар манотиқи таҳти контрол, аз ин ҳисоб даромади ҳангуфте ба даст меовард.

 Ҳамчунин қаблан чанд бор иттифоқ афтода буд, ки гурӯҳи Толибон таъмиркорони хатҳои барқро ба гаравгон мегирифтанд, ки акнун ин афрод аз рафтан ба манотиқи таҳти контроли ин гурӯҳ худдорӣ мекунанд.

Дар соли 2016 низ Толибон бо тарконидани ду хати интиқоли барқи Тоҷикистон ба Афғонистон, барои муддате мушкил эҷод карда буданд.