Март 26, 2018 15:53 Asia/Dushanbe

Расонаҳои русӣ эълом карданд, шумори қурбониёни ҳодисаи оташсӯзӣ дар маркази тиҷорӣ, дар минтақаи Сибири Русия ба 64 нафар афзоиш ёфтааст, ки бештари онон кӯдакон ҳастанд.

Ба гузориши расонаҳои русӣ, пеш аз ин шумори куштаҳои оташсӯзӣ дар як маркази тиҷорӣ дар шаҳри Кемеровои Сибири Русия 53 нафар эълом шуда буд.

Бештари қурбониёни ин ҳодиса кӯдакон ҳастанд.

 Бар асоси ин гузориш, сақфи табақаи чаҳоруми ин маркази тиҷорӣ бо масоҳати ҳазору 200 метр фурӯ рехтааст ва эҳтимол меравад, ки афроди зиёде дар зери овор монда бошанд.

Имдодгарон ҳамчунон зери оворҳои ин маркази тиҷорӣ ба ҷустуҷӯи афроди нопадидшуда мегарданд.  

Сабаби оташсӯзӣ ҳанӯз мушаххас нашудааст ва мақомоти идораи мавқеиятҳои изтирории Русия дар ҳоли баррасии иллати ҳодиса ҳастанд.

Дар ҳамин ҳол шабакаи НТВ-и Русия эълом кард, чаҳор нафар, аз ҷумла раиси бахши саргармиҳои кӯдакон, ки дар табақаи чаҳоруми ин маркази тиҷорӣ қарор дошт ва оташсӯзӣ дар он рух дода буд, боздошт шудаанд.

 

Барчасп