Март 26, 2018 16:27 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ҷашни Наврӯз дар Истанбули Туркия

Ҷашни ҷаҳонии Наврӯз бо ҳамкории консулгарии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Истанбули Туркия баргузор шуд.

Ба гузориши ИРНА, Бахтиёри Асадзода, сарконсули Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Истанбули Туркия дар ин маросим, ки дар Донишгоҳи “Ойдин”-и Истанбул баргузор шуд, гуфт: “Ойини Наврӯз густарае васеъ дорад ва рамзи сулҳу дӯстӣ аст”.

Вай афзуд, ҳамкории ҳамаҷонибаи ду кишвари Эрон ва Туркия, ба хусус дар мавзӯоти фарҳангӣ ва аз ҷумла нишонаҳои ҳувиятбахше мисли Наврӯз ва ойинҳои муштарак зарурӣ аст.

Мустафо Ойдин, муассис ва раиси Донишгоҳи байналмилалии “Ойдин”-и Истанбул низ дар ин маросим бо табрики иди Наврӯз ба эрониён гуфт, ду кишвари бузург ва тамаддунсози минтақа, яъне Эрон ва Туркия аз зарфиятҳои лозим барои густариши равобит дар масоили мухталиф, ба хусус дар заминаи омӯзиши олӣ бархурдор ҳастанд.

Ойдин ҳамчунин бо баршумурдани иқдомоти душманони Ислом дар ҷаҳони Ислом гуфт, ҳадафи аслии Амрико дар минтақа заиф кардани Эрон ва Туркия аст ва набояд ба онҳо ин фурсат дода шавад.

 

Барчасп