Тафсир: Илали аҳамияти нишасти Ди-8 дар Истанбул дар бораи ҷанги Ғазза
(last modified 2024-06-09T12:01:52+00:00 )
Июн 09, 2024 17:01 Asia/Dushanbe
  • Тафсир: Илали аҳамияти нишасти Ди-8 дар Истанбул дар бораи ҷанги Ғазза
    Тафсир: Илали аҳамияти нишасти Ди-8 дар Истанбул дар бораи ҷанги Ғазза

Нишасти фавқулодаи вузарои умӯри хориҷаи кишварҳои узви гуруҳи Ди-8 бо ҳузури намояндагони кишварҳои Эрон , Туркия , Малайзия , Индонезия , Миср , Нигерия , Покистону Бангладеш ва бо ҳадафи мавзегирии воҳиди алайҳи режими саҳюнистӣ дар Истанбул баргузор шуд .

Беш аз 8 моҳ аз наслкушии режими саҳюнистӣ дар борикаи Ғазза мегузарад . Токунӯн нишастҳои мутаъаддиди минтақаӣ , фароминтақаӣ  ва ҷаҳонӣ дар хусӯси ҷиноятҳои режими ишғолгари Қудс дар Ғазза баргузор шуд . Ин нишастҳо ба таваққуфи ҷинояти саҳюнистҳо алайҳи мардуми Ғазза мунҷар нашуда аст . Бо ин ҳол , нишастм гурӯҳи Ди 8 ба илали мухталифи ҳоизи аҳамият аст .

Омили нахуст инаст, ки ин нишаст бо ҳузури кишварҳои исломӣ ва ғайри арабӣ баргузор мешавад . Ин мавзӯи баёнгари инаст, ки мавзӯи Фаластин масаълаи арабӣ нест балки фаротар аз он , масаълаи ҷаҳонӣ ҳам табдил шавад . 8 кишвари исломии таъсиргузор дар нишаст гуруҳи Ди 8 дар Истонбули Туркия ҳузури пайдо карданд .

Омили дуввум инаст, ки гуруҳи Ди 8 ки муташаккил аз кишварҳои муҳими исломӣ дар ҳоли тавсиа аст , дар баргирандаи 1 . 2 миллиард нафар аз ҷамъияти ҷаҳонаст, ки мизони тавлиди нохолиси дохилии он 4 . 8 триллион доллар аст . Бинобарин , ин гурӯҳ аз як сӯ метавонад нақши муҳимме дар аъмоли фишори иқтисодӣ бар режими саҳюнистӣ ва аз сӯии дигар ирсоли кумакҳои башардӯстона ба Ғазза ифо кунанд . Дар суханони Алӣ Боқирии Канӣ , сарпарасти Вазорати умӯри хориҷаи Эрон дар нишасти Истонбул низ омадааст : « Ҷумҳурии Исломии Эрон муътақид аст бояд тамоми тамаркуз ва зарфиятҳои кишварҳои исломӣ ва кишварҳои узви Созмони Ди 8 дар ин ҷиҳат ҳидоят гардад . Қатъи шарёнҳои ҳаётии режими саҳюнистӣ ва қатъи равобити сиёсӣ ва иқтисодӣ ва таҳрими нафт , энержӣ ва колоҳои режими саҳюнисӣ гоми лозиму бадеҳӣ дар баробари иқдомоти таҷовузкоронаи ин режим дар кӯштору тахриби густарда дар навоир Ғазза аст . »

Омили сеюм низ инаст, ки нишаст гурӯҳи Ди 8 метавонад ба унвони вокунише дар муқобили инфеъоли ҷомеъаи ҷаҳонӣ ва ҳамчунин ҳамбастагии кишварҳои исломӣ барои мутаваққиф кардани ҷиноятҳои саҳюнистҳо алайҳи мардуми Ғазза дар назар гирифта шавад . Дар бахши дигаре аз суханон Боқирии Канӣ омадааст : « Пас аз ҳашт моҳи ҳамалоти режими саҳюнистӣ , камокон бо бе амалии ҷомеъаи байналмилалӣ дар поён додан ба ин ҷиноёти бесобиқа мувоҷеҳ ҳастем . Вазъияти ҷорӣ дар гузаргоҳи Рафаҳ низ ҷаҳонро дар остонаи як фоҷеъаи инсонии дигар қарор додааст . Режими ишғолгар бо ба коргирии сиёсати танбеҳи даста ҷамъӣ , дар пайи таҳаққуқи ҳадаф шум ва хатарноки фурӯпошии иҷтимоӣ дар Ғазза аз тариқи ғайриқобили сукӯнати сохтани ин макон аст ки мисдоқи боризи ҷинояти ҷангӣ ва наслкӯшии маҳсӯб мешавад . Ҳамбастагии кишварҳои исломӣ метавонад аз истимрори ин ҷиноёт ва он сиёсат ҷилавгирӣ намояд . »

Омили чаҳорум низ инаст, ки 8 кишвари исломии ширкаткунанда дар нишасти Истонбул дар баёнияи поёнӣ бар лузӯми иттихози мавзеи муштарак дар ҳимоят аз Фаластин таъкӣд карданд . Дар баёнияи муштараки содира ки пас аз баргузории ин нишаст мунташир шуд , омадааст : « Хостори оташбаси фаврӣ , доимӣ ва бидуни қайду шарт дар Ғазза ва поён додан ба ҳамалоти ( режим ) Исроил ба мардуми Фаластин дар Ғазза ҳастем . » Дар идома баёнияи нишаст мазкӯр ҳамчунин изофа шудааст : « Ҳимояти тазалзулнопазири кишварҳои узви Ди - 8 аз узвияти комили Фаластин дар Созмони Миллал ва муборизаи Фаластинро мавриди таъкид қарор медиҳем . » Бинобарин , бурундоди нишастҳои назири Ди 8 метавонад тақвияти иҷмоъи ҷаҳонӣ барои узвияти комили Фаластин дар Созмони Миллали Муттаҳид ва ташкили кишвари мустақил фаластинӣ бошад .

Барчасп