Алваъдаву вафо; Грудинин бо буруташ худоҳофизӣ кард + видео
Март 26, 2018 19:20 Asia/Dushanbe
Павел Грудинин, номзади шикастхӯрдаи интихоботи раёсати ҷумҳурии Русия, ки пеш аз интихобот қавл дода буд; дар сурате, ки камтар аз 15 дарсад раъй ба даст оварад, сибил (мӯйлаб ё бурут)-и худро пас аз 30 сол битарошад, ба қавлаш вафо кард.
Грудинин дар ин интихобот камтар аз 12 дарсад раъйи мардуми Русияро ба даст овард.
Вай ахиран дар як суханронии видеоӣ гуфт, агарчӣ итминон дорад раъйҳои ӯ беш аз 15 дарсад будааст, аммо ба қавлаш вафо мекунад ва бо сибил ё бидуни он ба роҳаш идома медиҳад.