Ҳузури Путин дар маҳалли оташсӯзии Кемерово (видео)
https://parstoday.ir/tg/news/world-i31834-Ҳузури_Путин_дар_маҳалли_оташсӯзии_Кемерово_(видео)
Раисҷумҳури Русия дар маҳалли оташсӯзии маркази харид дар Кемерово ҳозир шуд ва ба кушташудагон адои эҳтиром кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 27, 2018 12:11 Asia/Dushanbe

Раисҷумҳури Русия дар маҳалли оташсӯзии маркази харид дар Кемерово ҳозир шуд ва ба кушташудагон адои эҳтиром кард.

Ба гузориши шабакаи “Раша тудэй”, Владимир Путин рӯзи сешанбе бо ҳузур дар маҳалли ин оташсӯзӣ таъкид кард, ҳамаи муқассирони оташсӯзӣ дар ин маркази харид муҷозот хоҳанд шуд.

Маъмурони таҳқиқи Русия дар ҳоли баррасии чӣ гуна рух додани оташсӯзии рӯзи якшанбе дар Кемерево ҳастанд, ки бар асари он дастикам 64 нафар ҷон бохт. Оташсӯзӣ дар табақаи чаҳорум, ки маркази бозӣ ва саргармии кӯдакон дар он буд, рух дод, ба ҳамин сабаб теъдоди зиёде аз ҷонбохтагони ин ҳодиса кӯдакон буданд. Ба гузориши “Рейтерз”, натоиҷи таҳқиқот то кунун нишон додааст, яке аз нигаҳбонони ин маркази харид пеш аз оташсӯзӣ сомонаи ҳушдори умумӣ ва эъломи хатарро хомӯш кардааст ва дарҳои хурӯҷ низ ба сурати ғайриқонунӣ ва бидуни муҷаввиз қуфл шуда буд.

 Давлати Русия дар баёнияе бо ибрози ҳамдардӣ ба бозмондагони қурбониён се рӯз азои умумӣ эълом кардааст.