Март 27, 2018 17:57 Asia/Dushanbe
  • Маскав: Лондон ҷомеаи ҷаҳониро фиреб надиҳад!

Муовини вазири умури хориҷии Русия аз Лондон хост, то ҷомеаи байналмилалиро дар парвандаи заҳролуд шудани ҷосуси рустбор фиреб надиҳад.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Сергей Рябков рӯзи сешанбе бо интиқод аз иқдоми Амрико ва бархе кишварҳои дигар дар ҳамроҳӣ бо Бритониё дар ихроҷи дипломатҳои рус аз Лондон хост, то ҷомеаи байналмилалиро дар парвандаи масмумияти ҷосуси рустбор фиреб надиҳад.

15 кишвари узви Иттиҳоди Аврупо ҳамроҳи Канада ва Украина рӯзи душанбе дар ҷонибдорӣ аз Бритониё дар ин моҷаро теъдоде аз дипломатҳои русро аз кишварҳояшон ихроҷ карданд. Сухангӯи Кохи Сафед низ рӯзи душанбе дар баёнияе аз дастури раисҷумҳури Амрико барои ихроҷи 60 дипломати рус ва таътили консулгарии Русия дар шаҳри Сиэтл хабар дод. Василий Небезня, сафири Русия дар Созмони Милали Муттаҳид шаби душанбе ихроҷи дипломатҳои рус аз Амрико ва Созмони Милал Муттаҳидро таассуфбор ва ғайрдӯстона хонд. Австралия ҳам рӯзи сешанбе ба дипломатҳои рус ҳафт рӯз фурсат дод, то хоки он кишварро тарк кунанд. Маскав ҳушдор додааст, ки иқдомоти ахири кишварҳои ғарбӣ ба шиддат ёфтани таниш дар равобит бо Русия мунҷар мешавад.

Ихроҷи дипломатҳои рус аз Амрико ва кишварҳои ғарбӣ бо баҳонаи заҳролуд кардани Сергей Скрипал, ҷосуси рустбори паноҳанда дар Бритониё сурат мегирад. Сергей Скрипал ва духтараш чаҳоруми март дар Бритониё бо маводе, ки ба иддаои Лондон, кимиёист, заҳролуд шуданд. Лондон мегӯяд, Русия бо истифода аз силоҳи кимиёӣ Сергей Скрипал ва духтарашро масмум кардааст. Русия бо радди дахолаташ дар ин моҷаро эълом карда буд, омодаи ҳамкорӣ бо Бритониё барои ёфтани ҳақиқат аст.