Март 27, 2018 19:59 Asia/Dushanbe
  • Ибни Салмон: Густариши ваҳҳобият бо дархости Амрико буд

Валиаҳди Арабистони Саудӣ эътироф кард, талоши Риёз барои густариши ваҳҳобият дар ҷаҳон бо дархости Амрико бо ҳадафи муқобила бо блоки Шарқ дар давраи ҷанги сарди сурат гирифт.

Муҳаммад ибни Салмон дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Вашингтон пост” ба нақши Арабистони Саудӣ дар давраи ҷанг сард (1947-1991) барои густариши афкори ифротии ваҳҳобият эътироф карда, дар айни ҳол саъй кард, режими Оли Саудро аз иттиҳоми ҳимоят аз терроризми ваҳҳобӣ пок кунад. Валиаҳди Арабистон муддаӣ шуд, сармоягузории Арабистон барои густариши ваҳҳобият ба дархости Ғарб бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз ҳузуру нуфузи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ дар кишварҳои исломӣ дар давраи ҷанги сард сурат гирифтааст. Ибни Салмон ҳамчунин гуфт, замони таҷдиди назар дар ин сиёсати Арабистон фаро расидааст. Ӯ афзуд, таъмини молии ваҳҳобият на аз сӯйи давлат, балки бештар аз тариқи муассисаҳои хусусие, ки мақаррашон дар Арабистон аст, анҷом мешавад.

Идеологияи ифротии ваҳҳобият, ки Арабистони Саудӣ онро таблиғ ва ҳимоят мекунад, илҳомбахши террористҳое аст, ки дар Ховари Миёна ва саросари ҷаҳон даст ба анҷоми ҳамалоти хунбор мезананд. Мақомоти Ироқ пештар эълом карда буданд, дастикам панҷ ҳазор террорист бо ташвиқу таъмини молии Арабистон дар солҳои ахир дар Ироқ ҳамалоти террористӣ анҷом додаанд.