Эҳтимоли марги Муҳаммад Мурсӣ дар зиндони Миср
https://parstoday.ir/tg/news/world-i31904-Эҳтимоли_марги_Муҳаммад_Мурсӣ_дар_зиндони_Миср
Як кумитаи парлумонии Британия гуфт, агар раисҷумҳури барканоршудаи Миср дармон нашавад, эҳтимол дорад, дар зиндон бимирад.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 28, 2018 19:16 Asia/Dushanbe
  • Эҳтимоли марги Муҳаммад Мурсӣ дар зиндони Миср

Як кумитаи парлумонии Британия гуфт, агар раисҷумҳури барканоршудаи Миср дармон нашавад, эҳтимол дорад, дар зиндон бимирад.

Рӯзномаи Британияии Таймз фош кард, Муҳаммад Мурсӣ, раисҷумҳури барканор ва зиндонишудаи Миср мубтало ба диабет, фишори хуни боло ва бемории ҷигар аст, аммо бо ин ҳол дар зиндоне дар Қоҳира дар як селули инфиродӣ ба сар мебарад.

Кумитаи парлумонии Британия мутаваҷҷеҳ шудааст, зиндагии Муҳаммад Мурсӣ ба иллати бадрафторӣ дар хатар аст ва ин дар ҳолест, ки ӯ бемор аст.

Муҳаммад Мурсӣ дар чанд парванда ва дар иттиҳомҳое аз ҷумла таҳрик ба куштор ва хушунат ва ҷосусӣ барои тарафҳои хориҷӣ, муҷрим шинохта шуда ва ба 48 сол ҳабс маҳкум шудааст.