Таслим шудани саркардаи гурӯҳи террористии “Абусайёф” ба артиши Филиппин
Вазири дифои Филиппин аз таслим шудани Нур Ҳасан Ҷамирӣ, раҳбари гурӯҳи террористии “Абусайёф” ва 13 нафар аз афродаш ба артиши ин кишвар хабар дод.
Ба гузориши ИРНА, Делфин Лорензана (Delfin Lorenzana) изҳори умедворӣ кард, бо таслим шудани Нур Ҳасан Ҷамирӣ ва дигар аъзои гурӯҳаш гурӯҳи террористии “Абусайёф”, ки ҳампаймони ДИИШ аст, дар ояндаи наздик аз байн меравад.
Тибқи эъломи пулиси Филиппин, аз оғози соли 2018 то кунун 216 нафар аз аъзои гурӯҳҳои террористӣ дар ин кишвар таслим шудаанд. Таслим шудани аъзои гурӯҳҳои террористӣ дар Филиппин пас аз он оғоз шуд, ки Родриго Дутерте, раисҷумҳури ин кишвар чанд рӯз пеш таъкид кард, ки шибҳинизомиён дар сурати таслим шудани довталабона бо тахфиф дар муҷозот рӯ ба рӯ хоҳанд шуд.