Март 29, 2018 19:17 Asia/Dushanbe
  • 68 кушта – натиҷаи оташсӯзии амдӣ дар зиндоне дар Венесуэла

Шӯриш ва оташсӯзӣ дар зиндоне дар Венесуэла 68 кушта бар ҷой гузошт.

Ба гузориши хабаргузории Фаронса, додситони Венесуэла рӯзи панҷшанбе эълом кард, ин зиндониён дар пайи шӯриш ва талоши нофарҷом барои фирор аз як боздоштгоҳ дар шаҳри Валенсияи ин кишвар кушта шуданд. Эҳтимоли афзоиши талафоти ин ҳодиса вуҷуд дорад ва як мақоми маҳаллӣ дар иёлати Карабобо эълом кард, масъулони экспертизаи тиббӣ-судӣ дар ҳоли баррасӣ ва таъйини шумори дақиқи кушташудагони ин ҳодиса ҳастанд. 

Зиндонҳои Венесуэла умуман пур издиҳом ва пур аз силоҳу маводи мухаддиранд.