Озмоиши мушаки фавқи сангини қорапаймои ҷадиди Русия (видео)
Вазорати дифои Русия аз озмоиши мушаки фавқи сангини қорапаймои ҷадиди ин кишвар хабар дод.
Ба нақл аз Спутник, Вазорати дифои Русия эълом кард, ин кишвар дуввумин озмоиши мушаки баллистики байни қораии ҷадиди худро ба номи Сармат бо муваффақият анҷом додааст.
Аввалин озмоиши ин мушак декабри 2017 анҷом шуда буд.
Мушакҳои Сармат тавоноии ҳадаф қарор додани новҳои ҳавопаймобар, новшиканҳо ва каштиҳои Курузро дорад.
Мушаки ҳастаии баллистики қорапаймои Сармат беш аз 100 тонна вазн дорад, ки ба ҳадди ақал 10 кулоҳаки ҳастаӣ мусаллаҳ мешавад ва сомонаҳои зидди мушакӣ бо душворӣ метавонанд онро раҳгирӣ кунанд.
Ин мушак бо сӯхти моеъ, аз сакуҳои зерзаминӣ партоб мешавад ва бурди 11 ҳазор километр дорад.