Март 31, 2018 17:36 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Алиев бар сармоягузории муштарак бо Эрон

Раисҷумҳури Озарбойҷон эълом кард, Боку омодаи иҷрои тарҳҳои сармоягузории муштарак бо Ҷумҳурии Исломии Эрон аст.

Ба гузориши хабаргузори “Тренд”-и Ҷумҳурии Озарбойҷон, Илҳом Алиев сармоягузориҳои муштараки Эрону Ҷумҳурии Озарбойҷонро ба нафъи ду кишвар хонда, тоҷирону паймонкорони эрониро барои фаъолият дар ин кишвар даъват кард.

Раисҷумҳури Озарбойҷон бо баёни ин ки иттиҳод ва равобити ин кишвар бо Эрон дар сатҳи олӣ аст, афзуд, ин равобити хуб ба омиле барои амнияту суботи минтақа табдил шудааст. Алиев бо ишора ба иттисоли роҳи оҳани Эрон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон тасреҳ кард, ин иқдом нақши бисёр муҳим дар коридори Шимол - Ҷануб ифо хоҳад кард ва ҳарду кишвар манфиати иқтисодии фаровоне аз ин тарҳ хоҳанд бурд. Раисҷумҳури Озарбойҷон ҳамчунин таъкид кард, ҳамкориҳои иқтисодию тиҷории ин кишвар бо Ҷумҳурии Исломии Эрон на танҳо ба шакли дуҷониба, балки ба шакли чандҷониба низ пайгирӣ мешавад.

 

Барчасп