Таъкиди подшоҳи Мағриб бар идомаи дифоъ аз Қудс
(last modified Mon, 02 Apr 2018 12:15:34 GMT )
Апрел 02, 2018 17:15 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди подшоҳи Мағриб бар идомаи дифоъ аз Қудс

Подшоҳи Мағриб бо ирсоли номае ба раиси Ташкилоти худгардони Фаластин бар идомаи таҳаррукот дар сатҳи майдонӣ ва дипломатӣ барои дифоъ аз шаҳри Қудс таъкид кард.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, Муҳаммади Шашум, подшоҳи Мағриб дар ин нома ба Маҳмуд Аббос, раиси Ташкилоти худгардони Фаластин бар ҳамбстагии Мағриб бо Фаластин ва истодагӣ дар канори раиси Ташкилоти худгардони ин кишвар барои дифоъ аз ҳуқуқи машрӯи миллати Фаластин таъкид кард.

Ин дар ҳолест, ки нигаронии фаластиниҳо аз замони тасмими Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар бораи Қудс бештар шудааст. Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико шашуми декабри соли 2017 бо вуҷуди мухолифатҳои густурдаи минтақаию ҷаҳонӣ эълом кард, Вашингтон Қудсро ба унвони пойтахти режими саҳюнистӣ ба расмият шинохта ва сафорати худро ба он ҷо мунтақил хоҳад кард. Ин иқдом бо эътирози густурдаи фаластиниҳо ва ҷомеаи ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ шудааст.