Қадрдонии подшоҳи Саудӣ аз Трамп барои ҳимоят аз ҷанги Яман
Малик Салмон, шоҳи Арабистон дар гуфтугӯ бо раисҷумҳури Амрико аз баёнияи Кохи Сафед дар ҳимоят аз ҷанги эътилофи Саудӣ бо мардуми Яман қадрдонӣ кард. Ҳамзамон бо сафари Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳди Саудӣ ба Вашингтон, ки нахустин бор пас аз интисоб ба ин симмат дар моҳи марти соли 2018 анҷом шуд, Кохи Сафед тайи баёнияе аз ҷанги Арабистон дар Яман ҳимоят кард.
Шабакаи “Алъолам” ба нақл аз рӯзномаи «Акоз»-и Саудӣ гузориш дод, Малик Салмон, шоҳи Саудӣ шаби душанбе дар тамоси телефонӣ бо Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико зимни қадрдонӣ аз Кохи Сафед бо сабаби истиқбол аз ҳайати эъзомии Риёз ба ин кишвар ба раёсати Муҳаммад ибни Салмон, валиаҳд эълом кард, баёнияи Кохи Сафед дар бораи ҳимояти низомии Вашингтон аз ҷанги таҳти амри Арабистон дар Яман қобили тақдир аст. Малик Салмон ҳамчунин бори дигар бо такрори иттиҳомоти сохта алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон дар мавриди ирсоли таслиҳот ба Яман бар таҳмили сулҳи мавриди назари худ бар ин кишвар дар чорчӯби талошҳои байналмилалӣ таъкид кард.
Баҳром Қосимӣ, сухангӯи Вазорати умури хориҷии Эрон гуфт, кишварҳои содиркунандаи силоҳ ба Арабистон ҳамалоти ҷангандаҳои Саудӣ ба мардуми Яманро дифоъ аз худ медонанд, зеро ҷанги Яман суди саршореро ба иқтисоди кишварҳои содиркунандаи таслиҳот ба Арабистон сарозер кардааст. Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷии Эрон ҳам бо маҳкум кардани дахолати Амрико дар ҷанги Яман ҳаҷми мушорикати Амрико дар бузургтарин фоҷеаи инсонии ҷаҳон дар Яманро «боварнакарданӣ» тавсиф карда гуфт, Амрико шарики аслии ҷиноёти Оли Сауд дар бузургтарин фоҷеаи инсонии ҷаҳон дар Яман аст.