Апрел 04, 2018 12:40 Asia/Dushanbe
  • Гуфтугӯи сафирони Эрон ва Туркия дар Анкара ва Теҳрон

Иброҳими Тоҳириён, сафири Эрон дар Туркия ва Ҳокон Текин, сафири Туркия дар Эрон бо якдигар гуфтугӯ ва табодули назар карданд.

Ба гузориши хабаргузории “ИСНА”, дар дидори сафирони Эрон ва Туркия тарафайн дар бораи ҳамкориҳои дуҷониба дар ростои чашмандози 30 миллиарддолларии мавриди назари раисони ҷумҳурии ду кишвар гуфтугӯ карданд.

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон сешанбешаб дар садри ҳайате барои ширкат дар нишасти сеҷонибаи сарони кишварҳои Эрон, Русия ва Туркия, вориди Анкара, пойтахти Туркия шуд ва мавриди истиқболи Нуриддин Ҷоникли, вазири дифои Туркия қарор гирифт.

Ширкат дар дувумин нишасти сеҷонибаи сарони Ҷумҳурии Исломии Эрон, Русия ва Туркия бо ҳадафи баррасии натоиҷи музокирот дар бораи буҳрони Сурия ва дидор бо Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва Владимир Путин, аз муҳимтарин барномаҳои раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ин сафар аст.

Нишасти сеҷонибаи сарони Ҷумҳурии Исломии Эрон, Русия ва Туркия имрӯз (чаҳоршанбе) баргузор мешавад.