Апрел 05, 2018 11:10 Asia/Dushanbe
  • Талоши оворагони мусулмони роҳингияӣ барои вуруд ба Малайзия

Фармондеҳи нерӯи дарёии Малайзия эълом кард, қоиқи ҳомили 56 нафар аз мусулмонони роҳингияии Мянмар, ки аз хушунатҳои артиши ин кишвар гурехтаанд, вориди кишвари Малайзия шуд.

Аҳмад Қамаралзамон, фармондеҳи нерӯи дарёии Малайзия эълом кард:

“Қоиқи ҳомили оворагони мусулмони роҳингияӣ, ки аз хушунат дар Мянмар гурехтаанд, вориди обҳои савоҳили ҷазираи Лангкавии Малайзия шуда ва ба онҳо иҷозаи вуруд дода шуд, то ба идораи муҳоҷирати ин кишвар таҳвил шаванд”.

Ин оворагони мусулмони роҳингияӣ шомили 19 мард, 18 зан, 11 духтар ва 8 писар ҳастанд.

Дар Малайзия, 150 ҳазор паноҳнда ҳузур доранд, ки 90 дарсади онҳо роҳингияӣ ҳастанд.

Аз 25 августи 2017 дар ҳамалоти артиши Мянмар ва будоёни ифротӣ ба мусулмонони роҳингияӣ дар устони Рахин дар ғарби Мянмар як миллион нафар овора шуданд.  

Дар шароите фирор аз ҷиноёти артиш ва будоёни ифротии Мянмар ба соири кишварҳо ғайр аз Бангладеш мавриди таваҷҷуҳи оворагони мусулмони Роҳингия қарор гирифта, ки давлати Дакка борҳо эълом карда, бидуни дарёфти кумакҳои байналмилалӣ наметавонд шароити аввалияро барои ин оворагон фароҳам кунад.

Марк Пирс, коршиноси бангладешии Созмони милал дар умури паноҳандагон мегӯяд:

“Бисёре аз паноҳандагони роҳингияӣ гурусна ва хастаанд ва об ва ғизо надоранд”.

Ба гуфтаи Марк Пирс, ин дар ҳолест, ки дархостҳо барои таъмини ғизо, маскан, об ва беҳдошти оворагон ба далели шумори болои онон бароварда нашудааст.

Марк Пирс муътақид аст:

“Чунончи ниёзҳои асосии онон бароварда нашавад, ранҷи мусулмонони овораи роҳингияӣ бадтар шуда ва ин масъала метавонад ба як фоҷеаи инсонӣ мунҷар шавад”.

Мувоҷеҳаи эҳтимолии бархе кишварҳои АСЕАН бо буҳрони оворагони мусулмони Мянмар метавонад ононро ба самти иттихози иқдомоти боздоранда барои таваққуфи хушунати артиш ин кишвар дар Рахин ва паёмадҳои фаромиллии он водор кунад.

 

 

 

 

 

Барчасп