Оғози иҷлоси вазирони хориҷаи Ҷунбиши Адами Тааҳҳуд дар Боку
Иҷлоси вазирони умури хориҷаи Ҷунбиши Адами Тааҳҳуд бо унвони “Тарвиҷи сулҳ ва амнияти байналмилалӣ барои тавсеаи пойдор” дар Боку, пойтахти ҷумҳурии Озарбойҷон оғоз шуд.
Ба гузориши ИРНА, ин иҷлос бо суханронии Илҳом Алиев, раиси ҷумҳурии Озарбойҷон ба унвони мизбон ва Хорхе Арреаса, вазири умури хориҷаи Венесуэла ва раиси давраии Ҷунбиши Адами Тааҳҳуд оғоз шуд.
Дар ин иҷлос, ки ду рӯз идома хоҳад дошт, 800 намоянда аз 120 кишвари узв ва низ 17 кишвар ва 110 ниҳоди байналмилалии нозир ҳузур доранд.
Муҳаммадҷаводи Зариф, вазири умури хориҷаи Эрон нахустин суханрони ин иҷлос дар миёни вазирони умури хориҷа хоҳад буд.
Ҳадаф аз баргузории ин иҷлос ҳамгом ва барӯз кардани мавзеи кишварҳои узви Ҷунбишм Адами Тааҳҳуд дар хусуси масоили мухталифи байналмилалӣ аст.
Нишасти муқаддамотии омодасозии санади ниҳоии иҷлоси миёндавраии вазирони умури хориҷаи Ҷунбиши Адами Тааҳҳуд аз ду рӯзи пеш бо ҳузури коршиносон ва дипломатҳои воломақоми кишварҳои узв дар Боку оғоз шуда ва санади таҳияшуда дар ин нишаст, имрӯз барои тасвиби ниҳоӣ тақдими иҷлоси вазирон мешавад.
Дар ин санад мавзӯоти мухталиф, аз ҷумла баҳсҳои амниятӣ, сиёсӣ,байналмилалӣ ва тағйири сохтори Созмони Милали Муттаҳид ва масоили минтақаие монанди Яман, Фаластин, тасмими Трамп дар мавриди интиқоли сафорати Амрико ба Қудс ва таҳаввулоти ахири Ғазза мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт ва мавзеи Ҷунбиши Адами Тааҳҳуд дар мавриди ин мавзӯот барӯз шуд.
Раёсати ин ҷунбишро дар ҳоли ҳозир Венесуэла бар ӯҳда дорад ва қарор аст соли оянда ба ҷумҳурии Озарбойҷон мунтақил шавад.