Апрел 05, 2018 17:45 Asia/Dushanbe
  • Эътирофи мақомоти Фейсбук ба ифшои иттилооти 87 миллион корбар

Мақомоти ширкати Фейсбук ба ифшои иттилооти шахсии 87 миллион корбари худ, эътироф карданд.

Ба гузориши “Reuters”, ширкати Фейсбук эълом кард, иттилооти шахсии марбут ба 87 миллион корбари ин ширкат мумкин аст ба шеваи номуносиб дар ихтиёри ширкати мушовираи сиёсии Кембридҷ Аналитика (Cambridge Analytica) қарор гирифта бошад.

Бар асоси ин гузориш, бештари 87 миллиони корбаре, ки иттилооти онҳо бо ширкати Кембридҷ Аналитика ба иштирок гузошта шуд, дар Амрико зиндагӣ мекунанд.

Бино бар гузориши рӯзномаҳои “Ню-Йорк Таймз” ва “Гордаин”, муассисаи мушовираи Кембридҷ Аналитика, ки дар Лондон мустақар шудааст, аз иттилооти корбарон барои кумак ба Доналд Трамп дар интихоботи раёсатҷумҳурии соли 2016 истифода кардааст.

Фейсбук, ки бузургтарин ширкати расонаи иҷтимоии ҷаҳон шумурда мешавад, дар пайи расвоиҳои ахир дар бораи интишори ахбори сохтагӣ ва дурӯғ, мудохила дар умури интихоботӣ ва нақзи ҳарими хусусии корбарон ба шиддат мавриди интиқод қарор гирифтааст.

Фейсбук ҳамчунин бо корзори интихоботи раёсатҷумҳурии Доналд Трамп, раисиҷумҳури Амрико дар соли 2016 ҳамкорӣ мекард.

Марк Зукерберг, мудири иҷроии аршади Фейсбук қарор аст, ҳафтаи оянда дар Маҷлиси намояндагони Амрико дар бораи масъалаи ифшои иттилооти шахсии корбарон гузориш диҳад.