Апрел 05, 2018 18:37 Asia/Dushanbe
  • Тарҳи давлати Австрия барои мамнуъ шудани русарӣ дар мактабҳо

Давлати Утриш(Австрия) қасд дорад, пушидани русариро барои кӯдакон дар кудакистонҳо ва мактабҳо мамнуъ кунад.

Ба гузориши ИРНА, давлати Утриш бо иҷрои барномаи исломситезона қасд дорад, дар чаҳорчӯби лоиҳаи "муҳофизат аз кӯдакон", ки қарор аст, то тобистон омода ва ба парлумон ироа шавад, пушидани русариро барои кӯдакон дар кӯдакистонҳо ва мактабҳо мамнуъ кунад.

Себастян Кортес, садри аъзами Утриш рӯзи чаҳоршанбе ин мавзӯро таъйид кард.

Хайнс Фассман, вазири омӯзиши Утриш низ гуфта, мамнуъ шудани русарӣ барои кӯдакон дар мактабҳо ва кӯдакистонҳо як иқдом намодин аст ва ҳадафи он таъкид бар ин аст, ки Утриш як кишвари дунявӣ аст.

Давлати дасти рости Утриш барои тасвиб ин қонун ба раъйи мувофиқи аксарияти аз се ду ҳисаи намояндагони маҷлис ниёз дорад ва ба ин тартиб бояд намояндагони ҳизбҳои мухолиф дар парлумон шомили сотсиал- демократҳо ё ҳизби Либерали Неосро бо худ ҳамроҳ кунад.

Ин аввалин бор аст, ки дар Утриш қонуне барои мамнуъ шудани пушидани русарӣ барои кӯдакон тасвиб мешавад.

Созмонҳои исломӣ дар Утриш бо барномаи ҷадиди давлати Утриш барои маҳдудияти ҳиҷоби исломӣ, мухолифат кардаанд.