Апрел 07, 2018 09:28 Asia/Dushanbe
  • Маҳкумияти режими саҳюнистӣ дар иҷлоси Ҷунбиши Адами Тааҳҳуд

Ҳаждаҳумин иҷлоси вазирони умури хориҷаи Ҷунбиши Адами Тааҳҳуд ҷумъашаб бо судури баёния ба кори худ поён дод.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, иҷлоси миёндавраии вазирони умури хориҷаи Ҷунбиши Адами Тааҳҳуд рӯзҳои панҷшанбе ва ҷумъа дар Боку, пойтахти ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор шуд.

Дар маҷмуъ 800 намоянда аз 120 кишвари узв ва низ 17 кишвар ва 10 ниҳоди байналмилалии нозир дар ин иҷлос ширкат карданд.

Дар ин баёния иқдомоти хасмонаи режими саҳюнистӣ алайҳи фаластиниён, аз ҷумла сохт ва густариши шаҳракҳои саҳюнистнишин, вайрон кардани  манзилҳо, амвол ва ҳабсу боздошти ҳазорон ғайринизомии фаластинӣ маҳкум шудааст.

Вазирони хориҷаи Ҷунбиши Адами Тааҳҳуд дар ин баёния ҳамчунин ҷинояти ахири низомиёни режими саҳюнистиро дар борикаи Ғазза маҳкум карданд.

Ҷумъаи гузашта ҳазорон фаластинӣ дар чиҳилудувумин солгарди Рӯзи Замин, дар тазоҳуроти мусолиматомези “ҳаққи бозгашт” ба сӯйи маҳдудаи марзии борикаи Ғазза бо заминҳои ишғолӣ ҳаракат карданд, ки бо ҳамлаи низомиёни исроилӣ рӯбарӯ шуданд.

Дар ҳамлаи низомиёни режими ишғолгари Қудс ба тазоҳуркунандагони фаластинӣ, дастикам 17 фаластинӣ ба шаҳодат расиданд ва беш аз ҳазору чаҳорсад нафар захмӣ шуданд.

Бисёре аз аз кишварҳо, аз ҷумла Ҷумҳурии Исломии Эрон ва ҳамчунин созмонҳои байналмилалӣ то кунун ин ҷинояти саҳюнистҳоро маҳкум кардаанд.

 

Барчасп