Апрел 07, 2018 11:06 Asia/Dushanbe
  • Шаш кушта дар оташсӯзӣ дар Русия

Бар асари оташсӯзӣ дар сохтмони маскунӣ дар шаҳри Уссурииски Русия шаш нафар ҷон бохтанд.

Ба гузориши хабаргузории Шин Ҳува, Идораи маҳаллии Кумитаи таҳқиқоти Русия рӯзи шанбе эълом кард: Ин оташсӯзи дар  биное истиқоматӣ рух дод.

Дар ин ҳодиса ҷасади чаҳор зан ва як кудак дар ин сохтмон пайдо шуд ва як мард ба иллати дидани садамаи шадид бахотири паридан аз балкон дар масири бемористон ҷон бохт.

Дар идомаи ин баёния омадааст : Оташнишонҳо пас аз чаҳорсоат талош муваффақ ба хомуш кардани оташ шуданд.

Баррасиҳои аввалия дар маҳал нишон дод иллати оташсӯзӣ иттисоле дар системи барқи сохтмон будааст.

Таҳқиқоти бештар дар мавриди иллати ин ҳодиса идома дорад.

 Дар оташсӯзии 25-уми март дар як маркази тафриҳӣ дар Русия даҳҳо тан куштаву захмӣ шуданд.

Бар ҳамин асос Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия рӯзи ҷумъа дар ҳукме 11 мақоми давлатиро барканор кард, ки гуфта мешавад бо оташсӯзии 25-уми  март дахл дорад.