Босния олудатарин кишвари аврупоӣ ба мина
Бар асоси гузориши созмонҳои байналмиллалӣ, бо вуҷуди гузашти 20 сол аз чанг дар Босния ин кишвар ҳануз бештарин нуқтаҳои минагузориро дар Аврупо дорад
Ба гузориши пойгоҳҳои интернетии Болкон, маркази минаёбии Босния ва Герзеговина бо интишори иттилоияе эълом кард: Байни 75 ҳазор то 80 ҳазор мина ва ё маводди тарканда дар Босния токунун хунсо нашудааст.
Минаҳои ёфт нашуда барои амнияти ҳудуди 545 ҳазор нафар ва ё 15 дарсад аз кулли ҷамъияти Босния ва Ҳерзгоин хатаре ҷиддӣ ба ҳисоб меояд.
Ҳамчунин минаҳои хунсо нашуда дар Босния ва Герзеговина аз соли 1992 токунун ҷони ҳашт ҳазору 600 нафарро гирифтааст.
Пештар эълом шуда буд, ки то поёни соли 2019 тамомии минтақаҳои олуда ба мина дар Босния поксозӣ мешаванд; аммо ба иллати набуди буҷети муносиб иқдоме токунун сурат нагирифтааст.
Беш аз 80 кишвари ҷаҳон бо масъалаи мина, ки бештари қурбонии он кудакон ҳастанд, мубориза мекунанд ва соли 1992 токунун ҳудуди 217 миллион евро барои амалиёти хунсосозии мина ихтисос ёфтааст.