Апрел 08, 2018 14:06 Asia/Dushanbe
  • Ифшои кумаки 20 миллион евраии Қаззофӣ ба Саркозӣ

Мутарҷими диктатори маъдуми Либия аз кумаки 20 миллион евраӣ ба ситоди таблиғотии раиси ҷумҳури пешини Фаронса хабар дод.

Ба гузориши шабакаи телевизионии Алмядин, Мифтоҳ Майсурӣ-мутарҷими мавриди эътимоди Муаммар Қаззофӣ фош кард ин кумаки молӣ дар соли 2007 ба ситоди таблиғотии Никола Саркозӣ дода шуд.

Майсурӣ гутф: Дар дидори намояндагони ситоди таблиғотии Саркозӣ бо масъулони вақти Либия санаде имзо шуд, ки аз Муъаммар Қаззофӣ мехост маблағи 50 миллион евра ба ситоди таблиғотии Саркозӣ кумак кунад ва Қаззофӣ 20 миллион евра кумак пардохт кард.

Саркозӣ ахиран бахотири дарёфти пул аз диктатори маъдуми Либия барои ҳазина кардан дар корзори интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2007 Фаронса боздошт ва баъд аз бозҷӯӣ ва фаҳмидани иттиҳом озод шуд.