Изъони дипломати пешини амрикоӣ ба нақши Эрон дар ҳалли масъалаи Қарабоғ
https://parstoday.ir/tg/news/world-i32382-Изъони_дипломати_пешини_амрикоӣ_ба_нақши_Эрон_дар_ҳалли_масъалаи_Қарабоғ
Дипломати пешини амрикоӣ ба нақши ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳалли буҳрони Қарабоғ изъон кард.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Апрел 08, 2018 17:31 Asia/Dushanbe
  • Изъони дипломати пешини амрикоӣ ба нақши Эрон дар ҳалли масъалаи Қарабоғ

Дипломати пешини амрикоӣ ба нақши ҷумҳурии исломии Эрон дар ҳалли буҳрони Қарабоғ изъон кард.

Ричард Каузларич, сафири пешини Амрико дар Босния ва Ҳерсеговина ва ҷумҳурии Озарбойҷон гуфт: Эрон беҳтарин гузина дар ҳалли буҳрони Қарабоғ аст.  

Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Арманистон дар мавриди минтақаи Қарабоғ бо ҳам даргир ҳастанд ва ҷумҳурии исломии Эрон низ бар асоси сиёсатҳои ҳусни ҳамҷаворӣ ҳамвора дар талош аст, мушкил ва ихтилофҳои арзӣ ва марзии ин ду кишвар ҳарчи сареътар бартараф шавад.

Муноқишаи Қарабоғ 1988 пас аз иддаои арзии Арманистон зидди ҷумҳурии Озарбойҷон оғоз шуд. Қарабоғи ҷумҳурии Озарбойҷон ва ҳафт шаҳристони ҳамҷавори он ба контроли нерӯҳои Арманистон даромад.

Миёнҷигарии гурӯҳи Мински Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ба раёсати муштараки Русия, Фаронса ва Амрико барои ҳалли ин муноқиша токунун натиҷае надоштааст.