Апрел 08, 2018 20:34 Asia/Dushanbe
  • Русия: Иддаои ҳамлаи химиявии артиши Сурия сохтагӣ аст

Вазорати хориҷаи Русия, иддаои ҳамлаи химиявии нерӯҳои давлати Сурия дар шаҳри Дума, наздики Димишқро нодуруст хонд.

Вазорати хориҷаи Русия бо интишори баёнияе иддаои ҳамлаи химиявии нерӯҳои давлати Сурия дар шаҳри Дума, наздики Димишқро нодуруст хонд ва эълом кард, ин иддаоҳои беасос танҳо бо ҳадафи тавҷеҳи ҳамлаи низомӣ ба ин кишвар матраҳ мешавад.  

Дар ин баёния омадааст, интишори ахбор дар хусуси истифодаи артиши Сурия аз гази клэр ё дигар маводи химиявӣ сохтагӣ аст.  

Манобеи маҳаллӣ, авоили бомдоди ҷумъа аз вуқуи ҳамлаи химиявӣ ба шаҳри Думаи наздики Димишқ, пойтахти Сурия хабар доданд, ки дар нахустин дақоиқи пас аз интишори ин хабар шумори қурбониён 75 нафар ва шумор захмиҳо ҳам 100 нафар эълом шуд.  

 

Барчасп