Апрел 08, 2018 21:30 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши эътирозҳо дар Фаронса барои таваққуфи фурӯши силоҳ ба Арабистон

Ҳамзамон бо сафари валиаҳди Арабистон ба Париж, эътирозҳо ба раисҷумҳури Фаронса барои таваққуфи фурӯши силоҳ ба Арабистон афзоиш ёфтааст.  

Ба гузориши пойгоҳи интернетии Мидел Ист Ей, ҳамзамон бо вуруди Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди Арабистон ба Париж, қонунгузорони ҳамҳизбии Эмануэл Макрун, раисҷумҳури Фаронса расман таҳқиқу тафаҳҳус дар бораи қонунӣ будани фурӯши таслеҳот ба эътилофи Саудӣ дар ҷанги Яманро хостор шуд.  

Себастиан Наду, намояндаи Парлумони Фаронса ва ҳамҳизбии Эмануэл Макрун гуфта буд, ки вай ба ҳамроҳи понздаҳ намояндаи дигар ба таври расмӣ дархосте барои ташкили Комиссияи таҳқиқ ироа кардаанд.

Ин Комиссия пойбандии давлати Фаронса ба тааҳҳудоти байналмилалиро дар заминаи судури муҷаввизи содироти аслиҳа, муҳиммот, ва кумакҳоеро, ки ин кишвар дар ихтиёри режими Оли Сауд гузоштааст, баррасӣ мекунад.  

Фаронса яке аз бузургтарин фурӯшандагони силоҳ ба Арабистон аст.