Покистон дипломати қотили амрикоиро мамнуулхуруҷ кард
https://parstoday.ir/tg/news/world-i32478-Покистон_дипломати_қотили_амрикоиро_мамнуулхуруҷ_кард
Полиси Покистон генерал Ҷузеф Эмануел Ҳол, вобастаи низомии сафорати Амрикоро ба иллати куштани як шаҳрванди Покистон мамнуулхуруҷ кард.  
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 10, 2018 12:03 Asia/Dushanbe
  • Покистон дипломати қотили амрикоиро мамнуулхуруҷ кард

Полиси Покистон генерал Ҷузеф Эмануел Ҳол, вобастаи низомии сафорати Амрикоро ба иллати куштани як шаҳрванди Покистон мамнуулхуруҷ кард.  

Тибқи дастури полис Покистон номи комил ва акси вобастаи низомии сафорати Амрико ба тамоми фурӯдгоҳҳо ва марзҳои дарёӣ ва заминӣ ирсол шудааст, то аз фирори ӯ аз ин кишвар ҷилавгирӣ шавад.

Рӯзи душанбе вай талош кард, бо ҳавопаймо Исломободро тарк кунад, аммо шиносоӣ шуд ва баъд аз инки фурӯдгоҳ ба муҳосираи полис даромад, бозгашт.

Полиси Покистон гувоҳиномаи ронандагии генерал Ҷузеф Эмануел Ҳолро ботил кард, то ӯ натавонад бо мошин аз маҳдудаи пойтахт хориҷ шавад.

Полис мегӯяд, ӯ амдан муртакиби ҷурм шуда, зеро ҳангоми ронандагӣ бо мошини шахсиаш дар хиёбони Маргала дар Исломобод бо бетаваҷҷуҳӣ ба қавонин ва убур аз чароғи қирмиз як мотосиклсаворро кушта ва ду шаҳрванди дигари Покистонро масдум кардааст.

Дар гузашта Раймонд Дэвис, ки худро корманди сафорати Амрико муаррифӣ карда буд, як шаҳрванди Покистониро дар шаҳри Лоҳур ба зарби гулула кушт, бо инки мушаххас шуд, ҷосуси CIA будааст, бо пардохти дия озод шуд.