Апрел 11, 2018 14:31 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди коршиноси рус аз кишварҳои муттаҳиди Русия

Як сиёсатмадори рус аз кишварҳои муттаҳид бо Русия интиқод кардааст, ки ин кишварҳо дар ҷанги Сурия дар канори Русия нестанд.

Ба гузориши сомонаи “Ахбор”, Семён Багдасаров рӯзи сешанбе дар як барномаи радиоӣ гуфтааст: “Чаро зодагони Бадахшон ба Сурия фиристода намешаванд то аз ҳаммазҳабони исмоилии худ дар он кишвари ҷангзада дифоъ кунанд?

Семён Багдасаров аз кишварҳои муттаҳид бо Русия интиқод кардааст, ки чаро садоқати худро ба Маскав нишон намедиҳанд ва Русияро амалан дар ҷанги Сурия танҳо гузоштаанд?

Ӯ гуфтааст, ҳеҷ як аз ин муттаҳидон дар канори Русия, ки чандин сол аст дар Сурия меҷангад, ҳузур надоранд ва ҳатто як сарбози худро ҳам ба он ҷо нафиристодаанд.

Ин сиёсатмадори рус мисол задааст; магар Беларус, ки давлати муттаҳиде бо Русия аст, ҳавопаймо надорад, ки ба он ҷо бифиристд ё дигар кишварҳо артиш ва тиру тӯп надоранд?

 Семён Багдасаров дар идомаи сӯҳбатҳояш аз мақомоти Арманистон ҳам интиқод кардааст, ки ба Сурия, ки ҷамъияте бузург аз арманиҳо дар он зиндагӣ мекунанд, нерӯи низомӣ нафирстодааст.

 Ин сиёсатмадори рус, ки мусоҳибааш дар радио, аз сӯйи як корбари Фейсбук мунташир шудааст, бори аввал нест, ки аз ин мавзуъ интиқод мекунад.