Апрел 12, 2018 18:20 Asia/Dushanbe
  • Ақибнишинии Трамп аз таҳдиди ҳамла ба Сурия

Раисиҷумҳури Амрико рӯзи панҷшанбе бо ақибнишинӣ аз мавозеи қаблии худ бино бар ҳамлаи низомӣ ба Сурия, ба баҳонаи ҳамлаи кимиёвӣ дар шаҳри Думо, дар “Твитт”-е навишт, ҳаргиз нагуфтаам, ки чӣ замоне ба Сурия ҳамла хоҳем кард.

Ба гузориши хабаргузории ИРНА, Трамп дар сафҳа корбариаш дар “Твиттер” навишт, ин ҳамла метавонад ба зуддӣ бошад ва ё аслан рух надиҳад!

Раисиҷумҳури Амрико дар идомаи “Твитт”-и худ муддаӣ шуд, дар ҳар сурат Амрико дар давлати ман, кори бузургеро дар наҷоти минтақа аз ДИИШ анҷом дод. “Ин ҷои ташаккур аз Амрико дорад”.

Ҳамзамон торномаи “Hill”, органи Конгресси Амрико низ бо ишораи ин “твитт”-и Трамп навишт, раисиҷумҳури Амрико рӯз душанбе гуфта буд, ки дар бораи чигунагии вокуниш ба ҳамлаи кимиёвӣ ба Дума дар яке ду рӯзи оянда тасмимгирӣ мекунад.

Трамп рӯзи чаҳоршанбе ба Русия ҳушдор дод, ки барои мушакҳои Амрико дар Сурия омода бошад.

Дар пайи “Твитт”-и Трамп дар бораи омодагии Вашингтон барои ҳамла ба Сурия, вазорати умури хориҷаи Русия имрӯз (панҷшанбе) бо судури баёнияе дар бораи паёмадҳои сиёсати моҷароҷӯёнаи Амрико ва муттаҳидонаш барои амният ва сулҳи байналмилалӣ ҳушдор дод.