Апрел 13, 2018 17:01 Asia/Dushanbe
  • Табдил шудани сафорати Амрико дар Покистон ба маркази фаъолияти террористҳо

Раиси Шӯрои муттаҳидаи Покистон гуфт, сафорати Амрико дар Исломобод ба конуни фаъолиятҳои гурӯҳҳои террористӣ табдил шудааст.

Ба гузориши рӯзи ҷумъаи канали радио ва телевизиони урдуи Саҳар, Абдулғафур Рошид раиси Шӯрои муттаҳидаи Покистон дар шаҳри Лоҳур маркази иёлати Панҷоб дар шарқи ин кишвар гуфт, сафорати Амрико дар Исломобод пойтахти Покистон ба ҷои он ки ба корҳои консулӣ ва дипломатӣ иқдом кунад, паноҳгоҳи амне барои гурӯҳҳои террористӣ аст, ки бо ҳимоят ва тарғиби Вашингтон иқдом ба ҳамлаҳои террористӣ мекунанд.

Абдулғафур Рошид ҳамчунин афзуд, Ҷозеф Эмануел Ҳолл дипломати Амрико дар Покистон, ки чанд рӯзи пеш як шаҳрванди Покистониро бо худраваш зер кард ва мунҷар ба марги вай шуд, бояд тибқи қонуни Покистон дастгир ва муҷозот шавад.

Ҷозеф Эмануел Ҳолл рӯз шанбе бо худрави худ ду ҷавони покистониро дар Исломобод зер кард, ки ин ҳодиса ба кушта шудани яке аз ин ҷавонон ва маҷрӯҳ шудани як нафари дигар шуд, ки ҳолаш бад гузориш шудааст.

Вазорати умури хорҷаи Покистон рӯзи якшанбе дар пайи эҳзори Дейвид Ҳейл сафири Амрико дар Покистон, маротиби эътирози Исломободро ба кушта шудани шаҳрванди ин кишвар дар бархурди худрави дипломати амрикоӣ ба вай иблоғ кард.

Рафторҳои хилофи урф ва ғайриқонунии дипломатҳои амрикоӣ собиқае тулонӣ дар Покистон дорад ва дар ҷараёни тирандозии Рейманд Дивс як дипломати амрикоӣ дар соли 2011, ду ҷавони покистонӣ дар шаҳри Лоҳури ин кишвар кушта шуданд.

 

Барчасп