Апрел 14, 2018 21:25 Asia/Dushanbe
  • Мухолифон ва мувофиқони ҳамлаи Амрико ва муттаҳидонаш ба Сурия

Илова бар Ҷумҳурии Исломии Эрон, бисёре аз кишварҳо ва шахсиятҳои матраҳи ҷаҳон ҳамалоти мушакии Амрико ва муттаҳидонашро ба хоки Сурия, ба шиддат маҳкум карданд ва нисбат ба осор ва паёмадҳои минтақаӣ ва фаромитақавии он, ҳушдор доданд.

Давлати Беларус, Туркия ва Урдун, вазорати умури хориҷаи Русия, Куба, Миср ва Ироқ, вазорати хориҷаи давлати Наҷоти миллии Яман дар Санъо, Ҳизбуллоҳи Лубнон, бархе расонаҳои амрикоӣ, Эътилофи миллии зидди ҷанг, Созмони Афви байналмилал ва корзори халъи силоҳи ҳастаӣ, ин таҷовузи низомиро маҳкум карданд.

Ҳамчунин бисёре аз шахсиятҳои ҷаҳон, аз ҷумла теъдоди зиёде аз намояндагони Маҷолиси Амрико, Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, раисони ҷумҳури Сербистон ва Боливия, вазири аввали Шотландия, намояндаи парлумони Англия аз Ҳизби коргар ва сафири Русия дар Амрико ба ин ҳамла, вокуниш нишон доданд.

Раҳбари Ҳизби коргари Бритониё, Муқтадо Садр, раҳбари ҷараёни Садри Ироқ, раиси Кумитаи равобити байналмилалии Шӯрои Федератсияи Русия, раҳбари ақаллияти демократи Амрико, раиси мухолифони маҷлиси Сенои Покистон, раиси Ҷунбиши адолати Малайзия ва раиси Кумитаи олии инқилоби Яман ҳам, ҳамлаи ҳавоӣ ба Сурияро муғойри қавонини байналамилал хонданд.

Ин мухолифон таъкид кардаанд, ҳамалоти рӯзи шанбеи Амрико ва муттаҳидонаш илова бар эҷоди таниш дар Сурия ва Ховари Миёна, абъоди онро ба берун аз минтақа низ мекашонад.

Аз сӯи дигар Доналд Туск, раиси Шӯрои Аврупо аз ҳамалоти низомии Амрико ва муттаҳидони аврупоиаш ба Сурия ҳимоят ва иддао кард, Иттиҳодия Аврупо аз ин иқдом ҳимоят мекунад.

Пол Райан, раиси ҷумҳурихоҳи Маҷлиси намояндагони Амрико ҳам бо истиқбол аз ҳамлаи мушакии Амрико, Фаронса ва Бритониё ба Сурия, онро нишонаи қотеъияти Доналд Трамп донист.