Апрел 16, 2018 20:10 Asia/Dushanbe
  • Чиҳил кушта бар асари даргириҳо дар ғарби Афғонистон

Даргирӣ миёни Толибон ва нерӯҳои амниятии афғон дар устони Фараҳи ғарби ин кишвар, дастикам чиҳил кушта бар ҷо гузошт.  

Фармондеҳи артиш дар ҳавзаи ғарби Афғонистон эълом кард, бар асари ду даргирӣ дар наздикии Болоблук ва Фараҳ, маркази устони Фараҳ, 39 нафар аз Толибон ва як полис кушта шуданд.

Дар ин даргириҳо, даҳ узви Толибон ва ду нерӯи полис ҳам захмӣ шуданд.

Ҷасади чанд фармондеҳи маҳаллии Толибон низ миёни кушташудагон аст.

Устони Фараҳи Афғонистон муддате аст, ноамн шудааст.