Август 31, 2016 12:14 Asia/Dushanbe

Нашрияи амрикоии "Форин полиси" навиштааст, манофеи муштарак Эрон ва Русияро ба мизони бесобиқае ба ҳам наздик кардааст ва ин робита метавонад латмаҳои баландмуддате бар манофеи Амрико ворид кунад.

Ба гузориши хабаргузории "Форс", нашрияи "Форин полиси" дар гузорише навиштааст, ки вуҷуди манофеъ ва душманони муштарак, муҷиб шуда то равобити Эрон ва Русия ба наҳви бесобиқае наздик шавад.

Нависандаи ин гузориш бо мурури таърихи равобити ду кишвар навиштааст: "Дар таърихи чандсадсолаи равобити ду кишвар, Теҳрон ва Маскав ҳаргиз то ин ҳад ҳамкорӣ надоштаанд ва ин аз бахти бади Амрикост, ки Маскав ва Теҳрон акнун дарёфтаанд, ки манофеи онҳо дар Ховари Миёна то чӣ ҳад иштирок дорад".

 Афзоиши таҳдиди терроризм, манофеи иқтисодӣ, вуҷуди бесуботӣ дар Афғонистон, имкони ҳамкорӣ дар Осиёи Миёна ва буҳрони Сурияро аз ҷумлаи ангезаҳои ду кишвар барои амиқ шудани ҳамкориҳои дуҷониба дониста ва навиштааст: "Русия талош мекунад дар равобити худ бо кишварҳои Ховари миёна тавозун барқарор кунад, аммо дар ҳоли ҳозир бештар ба "меҳвари шиӣ" мутамоил шудааст".

Дар ин гузориш омадааст, як иттиҳоди кӯтоҳмуддат миёни Маскав ва Теҳрон ҳам метавонад латмае баландмуддат ба манофеи Иёлоти Муттаҳида ворид кунад.

 

Барчасп