Вазъи раҳбари мусулмонони Нигерия бадтар шудааст
Вазъи ҷисмонии шайх Иброҳим Закзоки, раҳбари мусулмонони Нигерия бисёр вахим аст ва ниёз ба дармони ҷиддӣ дорад.
Ба гузориши хабаргузории Садо ва Симо, духтари шайх Иброҳим Закзоки гуфт, давлати Нигерия иҷозаи хуруҷи шайх Закзокиро аз зиндон барои дарёфти хадамоти пизишкӣ намедиҳад.
Суҳайло Закзокӣ афзуд: "Ин кори ғайриинсонӣ ва золимона нишон аз ангезаҳои пинҳони давлати Нигерия дорад".
Вай ки муддатеро ҳамроҳи падараш дар боздошт сипарӣ кардааст гуфт, падараш дар юриши нерӯҳои артиши ин кишвар як чашми худро аз даст дода ва як дасташ низ фалаҷ шудааст ва эҳтимол дорад нобино шавад.
Духтари раҳбари мусулмонони Нигерия бо ишора ба ин ки беш аз 8 моҳ аз ҳамлаи артиш ба манзили онҳо ва як масҷид дар шаҳри Зориё, дар шимоли ин кишвар мегузарад афзуд: "Дар ин юриши ноҷавонмардона 347 нафар, ки 3 нафар аз онҳо аз бародаронам буданд, ба шаҳодат расиданд".