Апрел 22, 2018 12:05 Asia/Dushanbe
  • Режими Саудӣ зиёрати Ғори Ҳироро мамнуъ кард

Вазорати ҳаҷ ва умраи Арабистони Саудӣ рафтани зоирони Байтуллоҳ ба Ҷабалуннур (Кӯҳи Нур) ва зиёрати Ғори Ҳироро мамнуъ кард.

Ба гузориши хабаргузории Меҳр, Вазорати ҳаҷ ва умраи Арабистон рӯзи шанбе ба тамоми муассисаҳо ва ширкатҳое, ки дар ҳавзаи ҳаҷ фаъол ҳастанд, дастур дод ба зоирони Хонаи Худо иҷоза надиҳанд ба Ҷабалуннур бираванд ва барномаи боздид аз Ғори Ҳироро аз барномаҳои худ ҳазф кунанд.

Муовини вазорати ҳаҷ ва умраи Арабистон муддаӣ шуд, ин тасмим барои ҳифзи саломатии зоирон ва пешгирӣ аз риоя нашудани баъзе меъёрҳои шаръӣ гирифта шудааст.

Абдулазиз ал-Вазон иддао кард, ба далели баландии зиёди ин кӯҳ мумкин аст зоирон бо хатари беҳушӣ ё камбуди оксиген рӯбарӯ шаванд.

Ҷабалуннур (Кӯҳи Нур) дар чаҳоркилометрии шимолу шарқи шаҳри Макка ва дар канори масири Мино ба Арафот воқеъ аст.

Баландии ин кӯҳ аз сатҳи дарё танҳо 621 метр ва аз сатҳи домана 281 метр аст.

Ғори Ҳиро маҳали ибодати ҳазрати Муҳаммади Мустафо Паёмбари гиромии Ислом (с) дар болотарин нуқтаи ин кӯҳ қарор дорад.

Режими Саудӣ, ки аз ваҳобият ба унвони идеология истифода мекунад, ҳамвора мухолифи одобу русуми исломӣ ва зиёрати маконҳои мутабаррика аст.