Афзоиши шумори талафот дар ғарби Кобул
https://parstoday.ir/tg/news/world-i33050-Афзоиши_шумори_талафот_дар_ғарби_Кобул
Шумори талафоти инфиҷор дар минтақаи шианишини ғарби Кобул, пойтахти Афғонистон афзоиш ёфт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Апрел 22, 2018 15:58 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори талафот дар ғарби Кобул

Шумори талафоти инфиҷор дар минтақаи шианишини ғарби Кобул, пойтахти Афғонистон афзоиш ёфт.

Вазорати беҳдошти Афғонистон эълом кард, бар асари инфиҷор дар наздикии як маркази интихоботӣ дар минтақаи қалъаи Нозири ғарби шаҳри Кобул токунун 31 нафар ҷон бохтанд.  

Пеш аз ин шумори куштаҳо 25 нафар эълом шуда буд.

Теъдоди маҷрӯҳони ин ҳамла ба беш аз 112 нафар расидааст.

ДИИШ масъулияти ин ҳамларо бар уҳда гирифт.

Ҳамла ба пули Хумрии маркази вилояти Бағлон дар шимоли Афғонистон, дуввумин ҳамлаи субҳи якшанбе ба як маркази сабти номи раъйдиҳандагон дар Афғонистон маҳсуб мешавад.