Апрел 23, 2018 18:24 Asia/Dushanbe
  • Пиртарин фарди ҷаҳон дар Ҷопон даргузашт

Як зани ҷопонӣ, ки бо 117 сол син ба унвони мусинтарин фарди ҷаҳон шинохта мешуд ва беш аз 160 фарзанд ва навода дошт, дар бемористоне дар ин кишвар даргузашт.  

Ба нақл аз Ассошиэйтед Пресс, Набӣ Тажима августи 1900 ба дунё омада ва ду ҷанги ҷаҳониро дарк карда буд.  

Ӯ беш аз 160 фарзанд ва навода дошт ва надидаҳояшро низ дида буд.

Тибқи феҳристи мунташиршуда аз сӯи гурӯҳи пажуҳишии пиришиносӣ мустақар дар Амрико, бо марги Набӣ Тажима, акнун зани дигаре аз Ҷопон бо 116 сол пиртарин фарди ҷаҳон аст.