Апрел 24, 2018 10:24 Asia/Dushanbe
  • Истеъфои давлати Арманистон пазируфта шуд

Дафтари нахуствазири Арманистон рӯзи душанбе эълом кард, Армен Саркисян, раисҷумҳури Арманистон истеъфои давлати ин кишвар ба раёсати Серж Саргсянро пазируфт.

Ба гузориши ИРНА, Серж Саргясян, нахуствазири Арманистон дар пайи 11 рӯзи тазоҳуроти мухолифони худ рӯзи душанбе истеъфо дод ва дар паёме далели канорагирии худро хости мардум эълом кард. Соате пас аз истеъфои Серж Саргсян аз симмати нахуствазирии Арманистон дар асри рӯзи душанбе Карен Карапетян, муовини аввали вай ба нахуствазирии муваққати ин кишвар мансуб шуд.

Серж Саргсян, ки пеш аз ин ду давра раисҷумҳури Арманистон буд, сешанбеи гузашта дар парлумони ин кишвар ба мақоми нахуствазирӣ баргузида шуд, аммо ин интихоб бо эътирозоти густурдаи мардумӣ рӯ ба рӯ шуд.