Апрел 25, 2018 09:57 Asia/Dushanbe
  • Ҳушдори Русия ба режими саҳюнистӣ дар бораи ҳамла ба сомонаи мушакии S-300

Мақомҳои давлати Русия ба режими саҳюнистӣ дар бораи паёмадҳои талош барои ҳамла ба сомонаи мушакии “S-300”-и Сурия ҳушдор доданд.

Ба гузориши “Спутник”, Русия қасд дорад ин сомонаро ба артиши Сурия таҳвил диҳад. Ин хабаргузории русӣ эълом кардааст, масъалаи ирсоли сомонаи мушакии S-300 "Фаворит" ба Сурия, тақрибан ҳал шудааст ва ин сомонаи дифои ҳавоӣ дар муддатзамони кӯтоҳе ба Сурия, таҳвил ва роҳандозӣ мешавад.

Русия таҳвили S-300 ба Сурияро посухе ба эътилофи Амрико медонад, ки ба ҳушдори Маскав дар бораи ҳамла ба Сурия, эътиное накард.

Дар ҳамин ҳол бархе хабарҳо аз тасмими Русия барои таҳвили ройгони S-300 ба Сурия ҳикоят дорад.

Пештар режими саҳюнистӣ ба Маскав ҳушдор дода буд, фурӯши S-300 ба Димишқро "убур аз хатти қирмиз" медонад.