Маҳкумияти интишори мақолае дар таҳрифи Қуръон дар Фаронса
Мусулмонони Фаронса зимни ибрози нафрат аз интишори баёнияе тавҳиномез дар ин кишвар дар таҳрифи Қуръони карим, ин иқдомро маҳкум карданд.
Ба гузориши хабаргузории Фаронса, Паскал Брюкнер, нависандаи мақолаи тавҳиномез ва зидди исломӣ, ки ахиран ва ба таври ҳадафманд дар рӯзномаи “Loparizin” чопи Порис мунташир шуда, хоста аст, оёте аз Қуръони карим ҳазф шавад.
Ин мақола ба имзои Николя Саркози, раисиҷумҳури пешин ва Мануэл Валс нахуствазири пешини Фаронса ва ҳудуди 300 нафар дигар расидааст.
Tariq Obroy, имоми масҷиди бузуриг шаҳри Бордо дар ҷанубу ғарби Фаронса зимни маҳкум кардани ин иқдоми зидди исломӣ гуфт, ки чунин бардоштҳои ношӣ аз тафсир ва таъбири нодуруст аз Қуръон аст.
Беэҳтиромӣ ба Қуръон маҷид ва мусулмонон дар Аврупо собиқа дорад.
Салмон Рушдӣ бо китоби “оёти шайтонӣ” ва муҳиммтарин рӯзномаи Дания низ бо тасовири тавҳиномез аз Паёмбари ислом (с) ва ҳамчунин нашрияи фаронсавии “Charlie Hebdo”, аз ҷумлаи ин нашриёт буданд, ки пеш аз ин бо тасовир ва навиштаҳое ба муқаддасоти исломӣ, беэҳтиромӣ кардаанд