Суқути Гулчин дар Бодғис бо хиёнати фармондеҳи полис
Апрел 25, 2018 13:46 Asia/Dushanbe
Узви Шӯрои вилояти Бодғиси Афғонистон иллати суқути шаҳристони Гулчин ба дасти Толибонро пайвастани яке аз фармондеҳони полиси он шаҳристон ба ин гурӯҳ донист.
Ба нақл аз Ирно, Ҳоҷӣ Баҳоуддини Қодисӣ гуфт: Ҳоҷӣ Ғанӣ яке аз фармондеҳони полиси шаҳристони Қадиси вилояти Бодғис дар шимоли ғарби Афғонистон ҳамроҳ бо 20 тан аз нерӯҳояш ба гурӯҳи Толибон пайвастааст.
Носир Назарӣ, узви дигари Шӯрои вилояти Бодғис гуфт, ин фармондеҳи полис бо вогузар кардани таҷҳизоти низомии худ ба Толибон, заминаи суқути минтақаи Гулчинро фароҳам кардааст.
Толибон бо интишори иттилоияе эълом кард, дар даргирӣ дар шаҳристони Қадис як фармондеҳи афғон ба ҳамроҳи 29 тан аз афродаш худро таслим карданд.