Апрел 25, 2018 18:40 Asia/Dushanbe
  • Таҳрими интихобот аз сӯи Шӯрои уламои шиаи Афғонистон

Шӯрои уламои шиаи Афғонистон дар паи бадтар шудани авзои амниятӣ ва куштори рӯзафзуни ғайринизомиён дар ин кишвар, интихоботи парлумон ва шӯроҳои вилоятиро таҳрим кард.  

Шӯрои уламои шиаи Афғонистон дар баёнияе аз мардум хост, бо таваҷҷуҳ ба ноамниҳои фазоянда дар ин кишвар то замоне, ки аз таъмини амнияти сабтиномкунандагон барои раъй додан итминон ҳосил нашавад, дар интихобот ширкат накунанд.  

Комиссияи мустақили интихоботи Афғонистон низ бо таваҷҷуҳ ба истиқболи ками мардум аз сабти ном барои раъй додан, аз эҳтимоли тамдиди замони сабти ном, ки пеш аз ин ду моҳ таъин шуда буд, хабар дод.

Интихоботи парлумонӣ ва шӯроҳои вилояти Афғонистон қарор аст, 20 октябри 2018 баргузор шавад.