Апрел 25, 2018 19:46 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Иттиҳодияи Аврупо бар ҳифзи тавофуқи ҳастаӣ

Масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо бори дигар бар ҳифзи тавофуқи ҳастаии Эрон ва гурӯҳи 1+5 таъкид кард.

Федерика Могеринӣ дар вокуниш ба изҳороти матраҳшуда дар дидори раисони ҷумҳури Амрико ва Фаронса дар бораи тавофуқи дигаре бо Эрон, гуфт: Аз суханони Эмануел Макрон мушаххас аст, ки акнун танҳо як тавофуқ бо Эрон вуҷуд дорад, ки муваффақ будааст ва бояд ҳифз шавад.

Макрон сешанбе дар дидор бо Доналд Трамп бар ҳифзи БАРҶОМ таъкид кард.  

Доналд Трамп низ дар ин дидор гуфт: “Касе намедонад, 12 май чи хоҳам кард, хоҳем дид, ки оё имкони доштани тавофуқе беҳтар аз БАРҶОМ вуҷуд дорад ё на”.